Васли ҷамшеди талаб то ки ба ҷомӣ барисӣ
Ҳамраҳи Хизри дро то ба мақомӣ барисӣ
Он замони пай ба саропардаи мақсӯди барӣ
Ки дар ин раҳ ба тамомӣ , ба тамомӣ барисӣ
Сӯсан аз даст забон дод сари хуш ба бод
Ту нигаҳдори забонро ки ба комӣ барисӣ
Гар сару барги қади дилкаши тӯбои дорӣ
Саъй он кун ки ба шамшод хиромӣ барисӣ
Вақт онаст хаёлӣ ки ба азми раҳи ишқ
Тарк номӯс бигирӣ ва ба номӣ барисӣ