Дилам аз дарди фироқи ту қавӣ аФгор аст

Дида дар ҳасрати ёқӯти ту гавҳарбор аст

эй ки гуфтӣ хабарӣ аз ту сабои барад вале

Мушкил инаст ки ӯ низ чу ман бемор аст

Давр аз ӯ кори ман осон бикун эй ғам варна

Зиндагӣ бе шарафи суҳбати ҷон душвор аст

Шӯри лаъли ту аз он бар дили ман ширин аст

Ки миёни ман ва ӯ ҳақи намак бисёр аст

Бо ҳама чеҳра фурӯзӣу сафои сӯрати чин

Пеши рухсори ту нақшии сет ки бар девор аст

эй хаёлӣ чу ғами фурқат ӯро ҷузи сабр

Чора Эй нест , сабурӣ ба ғамаш ночор аст