Симини бадании сарви қадии пистаи даҳоне

Ҳар васф ки ояд ба забонам ба аз онӣ

Ороми дилии дафъи ғамии марҳами дардӣ

Бори куҳании умри навеи мӯниси ҷонӣ

Гар дӯст буд ҷону ҷаҳон низ хуш эй дӯст

Ту дӯсттар аз ҷонӣ ва хуштар зи ҷаҳонӣ

Пеши назари аҳли дил аз бас ки азизӣ

Ҳамчун даҳани хеш на пайдо на наоне

Бе васли ту эй умр гиромӣ натавон зист

Як дам ки чу умри гузарон то гузароне

Ғалатони сӯии хоки қидмати бози биёям

Сад бор чу ашкам агар аз пеш бароне

Гар умри камол аз ғами ишқ ту шуд охир

Ғам нестгар охир ба муродаш барисоне