Саги кӯяш ба ман дарбанд борӣ аст
Азизиро сару савдоӣ хорӣ аст
Маро ҳаст аз сагаши ҳам чашми борӣ
Гадоро орзӯии шаҳр ёрӣ аст
Чу ояд дар ҳарими дили хаёлаш
Бар он дар кори дидаи барда дорӣ аст
Лабаш хоҳам супурд акнӯн ба дандон
Ки роҳу расми ошиқи ҷон сипорӣ аст
Ба пои сарву гул аз лутфи сират
Ҳануз оби равон дар шармсорӣ аст
Агар сад перҳан дар гул бапушанд
Ба давр рӯй нав аз ҳасан орӣ аст
Камол ар сар дар орад бо нави он зулф
Махӯр бозӣ ки он аз шона корӣ аст