Моро на ғами нанг ва на андеша ном аст
Дар мазҳаби мо мазҳаби номӯс ҳаром аст
Гӯ халқ бидонед ки пайвастаи фалон ро
Рух бар рухи ҷононау лаб бар лаб ҷом аст
Саҷҷода нишин орифу доно на ки омӣ аст
Модом ки дар банди қабулят ом аст
Дар орзӯии маҷлиси мо зоҳиди мағрур
Чун авди ҳамеи сӯзад ва ин турфа ки хом аст
Соқӣ май дӯшина агар рафт ба итмом
Моро зи лаби лаъли ту як ҷуръа тамом аст
Савдо задаро гӯша саҷҷода насозад
эй мутриби раҳи зани раҳи майхона кадом аст
Бархест камол аз вараъу гӯшаи нишинӣ
Чун дид ки майхона ба аз ҳар ду мақом аст