Дилам рафт ва гум шуд дар он кӯи маро
Тавон ёфт гар ӯст дилҷӯи маро
Сабо омад ва рафт ақлам ба бод
зи зулф ки оварад ин бӯи маро
Рақибаш бидам гуфт ва донист рост
Дариғо надонист некӯи маро
Маро оқибат хоҳад он ғамзаи кишт
Чунин гар набошад бикаш гӯи маро
Маяфкан дигар куштани ман ба ҳиҷр
Ки бисёр шуд миннат ӯ маро
Чу бо ман нахоҳад ки бӯяш расад
Чаро зинда дорад ба ин бӯи маро
Камӣни банда мост гуфтӣ камол
Камаст ин қадар беш азин гӯи маро