Ба маҷлисӣ ки з рӯй ту парда баргиранд

Чароғу шамъ барафрӯхтани з сар гиранд

Чу дар муҳовираи онӣ ба мантиқи ширин

Лабу даҳони ту сад нукта бар шукр гиранд

зи хоки роҳи ту гӯ рӯй мо ғубор бигир

Ки аҳли ишқи чунин хокро ба зар гиранд

Ба дӯстӣ ки агар пой бар ду дида наҳй

Ҳанузат аҳли дил аз дида дӯсттар гиранд

Дил ар муқобили он абрувон наад маи нав

Гуноҳ ӯ ҳама бар чашми каҷ назар гиранд

Аз бода дар сари риндон ҷунун шавад мастӣ

Ба ёд рӯй навори соғарӣ дигар гиранд

Бар остони нави ҷонҳо зи сӯзу оҳи камол

Агар на об занад гиряи ҷумла дар гиранд