Бемори туро кас натавонист даво кард
Ҳам дарди ту хуштар ки алоҷи дил мо кард
Ушшоқи қаландари сифат аз ишқ намиранд
Онкас ки бимирад ҳама гӯйанд хато кард
Бо пери ман аз ишқ бкӣ гуфт бипарҳез
Зад кафш бирав аз ғазабау рӯ бъсо кард
Дод аз сари кини зулфи ту сарҳо ҳама бар бод
Бозаши басар хеш надонам ки раҳо кард
Хушнӯдам аз он ғамзаи дилҷӯ ки зи шухӣ
Ҳар ваъда ки кардӣ ба ҷафои ҷумла вафо кард
Гар дошт ғубории зи хати ойинаи рӯят
Гирад ба канораш чу тавваҷуҳ ба сафо кард
Чун дид камоли он хати врځи фотиҳа бар хонд
Шаб буд фиреби саҳарӣ бар ту дуо кард