Соқӣ биор бода ки ид сиём шуд
Он ба ки буд монеъи риндӣ тамом шуд
Дар даҳ қадаҳи зи аввали рӯзам ки баъди азин
Ҳоҷат бидон намонад ки гӯйанд шом шуд
Имрӯз ҳар ки хизмати маъшӯқ ва ме кунад
Бахташи каминаи чокару давлат ғулом шуд
Баси хирқа ки буд ба дукон мефуруш
Тасбеҳу ҷома дар гарави нақл ва ҷом шуд
Бо зоҳидӣ магӯӣ зи мастӣу завқи ишқ
Бар ошиқони ҳалол ва бар эшон ҳаром шуд
Дар рӯй хуб гарчи таъаммул мубоҳ нест
Имкон рухсатаст ба ният чу ом шуд
Аз аҳли ишқ нанг надорад касе камол
Ҷуз нокасе ки дар паии номӯсӣ ва ном шуд