намехоҳам ки касе бо он шукри лаби ҳам нафас бошад

Вале ҳар ҷо ки ширини сети ғавғоӣ магас бошад

Табиби аҳвол ман пурсед гуфтам зулф ӯ дол аст

Гар аҳл ҳикматаст ӯро ҳамин як ҳарф бас бошад

Аз он лаб гуфтам ар бурсии диҳӣ беш аз канорами даҳ

Бигуфт ин нукта нишнидӣ ки ҳалвои боз бас бошад

Шунидам кони санамро ҳаст бо ушшоқи дилсӯзӣ

Вале зи он гӯнаи дилсӯзӣ ки оташро ба хас бошад

Фалак бар офтобу маи расонади пояи қадарам

Гарм бо хоки пои ту чу зулфат дастрас бошад

Камол аз лутф табъ омад асири ишқи мҳрўён

Чу булбул каз хуши овозии гирифтор қафас бошад