Рафт умр ва нашуд он шӯх ба мо бор ҳануз

намекунад ҷавр ба борони вафодор ҳануз

Турфаи корӣ ки расед аз ғам ӯ кор ба ҷон

Накунад зории мо дар дил ӯ кор ҳануз

Дай дар асноӣ сухан гуфт фулонии саги мост

Ҳаст дар гӯши ман он лиззати гуфтор ҳануз

Ман аз он чашми хуши он рӯз шудам тавбаи шикан

Ки набӯд аз май ва аз майкадаи осор ҳануз

Чун тавон дошт азуи чашми аноят чун ҳаст

Чашми марди афкан ӯ бар сари озор ҳануз

Зоҳидӣ аз паии он ошиқ рафтор худанд

Ки наянд огаҳ аз он қомату рафтор ҳануз

Гарчи дил дар марази ишқи ту аз хеш бирафт

Орзӯӣ ту нарафт аз дили бемор ҳануз

Ҳар кас аз банд ғамӣ ёфт наҷоту камол

Ҳамчунон ҳаст ба қайди ту гирифтор ҳануз