Ҷон дорам ва дил дорам сар дорам ва зар дорам

Гар аз ту расад фармони дил аз ҳама бар дорам

Ту умри манӣ зони ваҷҳи ман бе ту нахоҳам ҷон

Ту чашми манӣ зони рӯи ман бо ту назар дорам

Ман ҳеҷ наме монам бо зоҳиди хушк аммо

ӯ доман тар дорад ман дида тар дорам

Аз оҳи саҳар сӯфӣ бизадой дили тира

Кин оинаи равшани ман аз оҳ саҳар дорам

Гӯйанд камол аз ту айбаст назари бозӣ

Гар айби ман ин бошад ман худ чаҳ ҳунар дорам