Рӯз нишотасту айш бода биёреду ҷом

Зонкаҳ ба ҷони омадам дар ғами номӯсу ном

Ҳаст марои орзӯи як ду мурод аз ҷаҳон

Суҳбати ёрони хуши сиҳҳату шурби мудом

Вар набӯд ҳеҷ азин давлати ҳасани ту бод

Ишқи ту моро басаст дарди ту моро тамом

Завқи дарунӣу дард лозима ошиқӣаст

Ҳар ки дар ва ин ду нест ишқ бирав шуд ҳаром

Гарна башуем ба май синаи пари ҷӯш ро

Аз сари ман кӣ равад ин ҳамаи савдои хом

Дидаи бади Фрсӣии кӯр буд доимо

Айш кунам лоязол нӯш кунам май мудом

Пушту паноҳ манаст сарви қади олӣат

Сояи олӣати бод бар сари мо мустадом

То ба ту вобастаам куллӣу ҷузвии кор

Фориғам аз неку бади эминам аз хосу ом

Саъй басӣ кардаам то ба ту раҳ барда ам

Ғобти саъй камол ҳаст ҳамин вассалом