Мо аз лаби ту ком надидем ва гузаштем
Ташна ба лаб чашма раседем ва гузаштем
Гуфтеми дуои ту ва аз бахти мухолиф
Аз лафзи ту дашном шунидем ва гузаштем
Бо доғи фироқи ту ки ҷонсӯз азобаст
Аз зиндагӣ умед буридем ва гузаштем
Як шаб накашидем турои дарбар ва ҳар рӯз
Сад ҷавру ҷафо аз ту кашидем ва гузаштем
Дар бешаи дунё ки чарогоҳи дили мост
Рӯзӣ ду чаредему чмидим ва гузаштем
Шаҳди лаби ту шарбати васли дгарон буд
Мо заҳри фироқ ту чашидем ва гузаштем
Монанди камол аз ҳаваси он гули рухсор
Сад ҷома ба бод нав даридем ва гузаштем