Марӣзи ишқаму дард ту дорам
зи дардат то абад сар барнадорам
Хато гуфтам чаҳ дарди астағфируллоҳ
Ман ин худ айни дармон май шуморам
Ғамат гуяд барор аз синаи оҳӣ
Ба ҷон инак муродаш ме барорам
Рақиб ар бегуноҳам аз дарат ронад
На инам ман кзори он дар гузорам
Ба ҷурми онкӣ рӯзӣ гуфтамаш моҳ
Ҳануз аз рӯй хеши шармсорам
Бадв гуфтам камол аз ғам харобаст
Ба гуфтогар бимирад ғам надорам