Ман зи ҷонон ба ҷон гурехта ам

Вази ҷафои ҷаҳон гурехта ам

Офарин бар гурезпоеи ман

Каз ғами ин ва он гурехта ам

Халқ дар хонаам куҷо ёбанд

Ки ман аз хону мон гурехта ам

Бар дараш дидаам рақибон ро

Чун гадо аз сегон гурехта ам

Гуфт : аз ман гурехт натавонӣ

Гуфтамаш ман аз он гурехта ам

Банда ҳаргиз гурехт зи озодӣ

Аз дар ӯ ман он гурехта ам

Гар ту ногуҳ гурехтӣ зи камол

Ман аз ӯ ҳар замон гурехта ам