Зиҳӣ зон қомати раънои дилҷӯ
Ки чун сарви истода бар лаби ҷӯ
Гувоҳӣ медиҳад рӯй накӯяш
Ки ин ҳури омада аз боғи минӯ
Дил аз тири нигоҳаш сайд гардид
Камон дораст он пайвастаи абрӯ
Ба рағми хубрӯёни он парии рух
Хуш ахлоқасту хуши рафтору хуши ху
Бинозам гӯнаҳои тобноки ш
Ки мебошад чу гули хўшрнгу хушбӯ
Басӣ шодон шавад ҳар кас ки бинад
Ба рӯй синааш шабаҳи ду лиму
Камол , он лаъли лаби нораии сети хандон
Ки бошад себи симинаш ба паҳлу