Гуфтам мулкӣ ё башарӣ ? гуфт ки ҳар ду

Кони намакӣ ё шукрӣ ? гуфт ки ҳар ду

Гуфтам ба латофати гулӣ эй сарви қбопўш

ё неи шукри андари камарӣ ? гуфт ки ҳар ду

Гуфтам ба хати сабзу лаби лаъли рўонбхш

Оби Хизрӣ ё Хизрӣ ? гуфт ки ҳар ду

Гуфтам ба ҷабинӣ ки бар он рӯй тавон дид

Худ оинае ё қамарӣ ? гуфт ки ҳар ду

Гуфтам ки ба як ишваи рибои зи серуми ақл

ё ҷони ман аз тани бабрӣ ? гуфт ки ҳар ду

Гуфтам дили мое ки ндонем куҷое

ё дида ӣ аҳли назарӣ ? гуфт ки ҳар ду

Гуфтам зи камолии ту чунин бехабару бас

ё худ зи ҷаҳон бехабарӣ ? гуфт ки ҳар ду