Надонад қадари ҳасанати кас ба аз ту

Ки хоки пои худ рӯбӣ ба гесу

Шароби ҳасани птўшии зи лабҳо

Дар ояд зулф аз он пешат ба зону

Аз рӯят муштабаҳ шуд қибла бар халқ

Сӯии миҳроб ишорат кун ба абрӯ

Ба ман ҳалвои лаб мтмоӣ гуфтам

Агар даст оварам дар гардани ту

Ба ҳасан аз моҳ мечарбӣу парвин

Агар мункир шаванд инки тарозу

Сар рақсаст имшаби моҳи мо ро

Бизан бар неи занони бонгӣ ки дафи кӯ

Камоли имшаби самоъ ошиқон аст

Чунин шабҳо нишоед рақси паҳлу