эй бӯда бо ту моро хешӣу ошноӣ

Бо ошнои хешат то чанд бевафое ?

Дил медиҳад гувоҳӣ каз мо дилат малул аст

Ореи ту рости фармони бории ту ҷони мое

Мо бандаему оҷизи ту ҳокимӣу султон

Гар лутф май намоеи вар ҷавр ме физойӣ

Гар оқилӣ ва маҷнӯн бигзор ишқи Лайлӣ

Дар ошиқӣ раҳо кун номӯсу порсое

Наздиктар зи ҷонии наздики мо ва бо мо

Чун моҳ рӯй худро аз давр май намое

Оё буд ки як шаби нохонда бе рақибон

Чун бахти ногаҳонии ногуҳи з дар даройӣ

Бехоб ва хӯрдам аз ғам эй бахти ман чаҳ хусбӣ ?

Чун нест бе ту умрам эй умри ман куҷое ?

Бечорае ки бошад ҳамчун камол бе дил

Дар меҳнати ғарибӣ дар қиссаи ҷудоӣ ?