Бо масканату аҷзу заъифии вФқирӣ

Дорам ҳаваси лутфи ту вой ар напазирӣ

Бо ман назарӣ кун зи сари лутфу бузургӣ

Ҳар чанд ки дар чашм ниёем зи ҳақирӣ

Комии зи лаби лаъли ту шояд ки барояд

Бо ман чу миёни худ агар нанг нагирӣ

Султонӣ ман чист гдоӣии зи нав кардан

Озодӣ ман чист ба доми ту асирӣ

Гуфтӣ ки ба перии тарафи ишқ раҳо кун

Чун ишқ дар омад чаҳ ҷавонӣ ва чаҳ перӣ

Аҳволи даруни дилу беруни харобам

Муҳтоҷ хабар нест ки бар ҷумлаи хабирӣ

Бо зинда дилӣ гуфт камол аз сари ҳолат

Ҳолат ба аз он нест ки дар ишқи бимирӣ