Чу он шӯхи шаб дар дил зор гардад

Марои хоб дар дида душвор гардад

Дилами гирди он зулф гардад ҳамаи шаб

Чу дуздӣ ки андари шаб тор гардад

Шаб ва рӯз гардад дар он кӯии ҷонам

Чу бодӣ ки бар бом ва девор гардад

Балоеи ҷуз ин нест бар ҷони мискин

Ки он шӯх дар сина бисёр гардад

Марои кишту бедории бахти мо ро

Ҳавас ҳам наёяд ки бедор гардад

Табибами ҳамон ба ки сӯем наёяд

Ки тарсами зи дарди ман аФгор гардад

Чу безор шуд ёр , ҷон кист , борӣ

Раҳо кун ки ӯ низ безор гардад

Гирифтор аз таъни бдгўӣ , ёрб

Ба рӯзи бади ман гирифтор гардад

Чигуна кунад васфи он рӯй хусрав

Ки дар диданаши ақл бекор гардад