Тлхоб ҳасратаст ҳар обӣ ки ман хӯрам

Хуноба диласт шаробӣ ки ман хӯрам

Аз хӯрдани ҷигари ҷигари ман кабоб шуд

Набӯд сазоӣ хӯрд кабобӣ ки ман хӯрам

Ҳаргиз нахурдам оби хуши хеш дар ҷигар

Теғаст бе ту қатраи обӣ ки ман хӯрам

Аз хӯн хӯрам ба ёди лабати қатрае ки нест

Тӯфони офати ин май нобе ки ман хӯрам

Сангаст хусрав , ар на куҷо тоқат оварад ?

Аз шуълаҳои дили туфу тобӣ ки ман хӯрам