На ёри ваъдаи бӯс ва канор ме кунадам

На дили з дидани рӯйиш қарор ме кунадам

Даруни дил на яке сад ҳазор афсун аст

Ҳануз орзӯии он савор ме кунадам

Ҳамеи хулд ба дили ман чу новаки душман

Насиҳатӣ ки касе дӯстдор ме кунадам

Шабии зи бими газандаши ҳазор новаки оҳ

Фурӯ ҳаме хӯрам , ар чаҳ фигор ме кунадам

Дигар зи бахти худами иззатӣ наме бояд

Ҳамин басаст ки пеши ту хор ме кунадам

Туам ба теғи кашӣу хаёли кишт ки ӯ

Шафиъ мешавад ва шармсор ме кунадам

Шабам ба хӯрдан хӯн рафт , соқио , май даҳ

Ки он шароби шабона хумор ме кунадам

Пгаҳ биёмад ва ҳамсоя гуфт « хобам нест

Ки нолаҳои ту дар сина кор ме кунадам

Шароби ишқи ту май боядам ба сар ҳар чанд

Ки бомдоди аҷал ҳӯшёр ме кунадам

Ба ноз гуфт шабӣ « хсрўо , гулат нашикуфт »

Ҳануз он суханаши хор хор ме кунадам