Рухӣ ки бар кафи пои ту сими тани молам
Дареғам ояд , агар бар гулу самани молам
Дар он шабӣ ки кунам гашти кӯии ту ҳамаи рӯз
Ду дидаро ба кафи пои хештани молам
Гарм ба роҳи синони равед аз ҳавои рахт
Ба зери пой чу насрину Настарани молам
Ба ёди ту ҳамаи шаб хӯн хӯрам , чу рӯз шавад
зи бими сангдилони хок бар даҳани молам
Ғубори кӯии ту бо хештан барам дар хок
Абири раҳмати ҷовид бар кафани молам
Чу баҳри Юсуф худ нест гиряам , то чанд
зи дидаи хӯни дуруғин ба перҳани молам !
Магар расад рухи хусрав ба пош , ҳар дами рух
Ба сад ниёзи таҳи пои марду зани молам !