Ишқати насиби ман ҳама ғам дод , дарди ҳам

Ҳушу қарор ман нашуду хоб ва хӯрд ҳам

Дардо ки оҳи гарм ба тнҳоӣим бсухт

Танҳо на оҳи гарм ки дамҳои сарди ҳам

Ушшоқро касе ки ҷафо гуфт , айб кард

Дид ончӣ гуфт ва ёд кунад ончӣ кард ҳам

Ҷурмам ки аз вафост бибахшоӣ ва афв кун

Инак шафиъи хӯни дил ва рӯй зарди ҳам

Ашками равон ба сӯй ту оварад , чун кунам

Ин хок рӯзем бад ва ин хоб ва хӯрд ҳам

Онҷо ки пой худ наҳй аз ноз бар замин

Хок дарат зи дида дареғасту гирди ҳам

Бар ҷони худ нуҳуми ҳамаи дарди ту баҳри онк

Дармони ту ба кас нарасад балки дарди ҳам

Номард нест марди таҳаммул ба роҳи ишқ

Номардро чаҳ Зуҳрау ёро ки марди ҳам

Хусрави дарин раҳ аз сар мардонагӣат нест

Бо дарди ишқи ҷуфти шӯ , аз хеши фарди ҳам