Васият мекунам , гар башнавад абрӯи камони ман

Пас аз мурдани нишон тир созад устихони ман

Забон ӯст туркии гӯй ва ман туркӣ наме донам

Чаҳ хуш будӣ , агар будӣ забонаш дар даҳони ман

Ба шукри нисбати лаъли лаби ҷон парвариш кардам

Бурун кун аз пас сар ,гар ғалат кардам , забони ман

Агар бо мо сухани гӯйии з рӯй марҳамат , май гӯ

Манам Фарҳоди саргардон , туе ширини забони ман

Чунон аз ишқ май сӯзади танам дар зери пероҳан

Ки аз беруни пероҳани намояди устихони ман

Муроди хусрави бедил бар ор ва як замон биншин

Ки раҳмӣ бар дилат ояд зи фарёду фиғони ман