Танги набот чун буд , лаб бигушо ки ҳам чунин

Оби ҳаёт чун равад , хезу биё ки ҳамчунин

Ҳар ки бгўидт ки ту дил ба чаҳ шакл май барӣ ?

Аз сари кӯии ногаҳони маст бар окаҳ ҳамчунин

Ҳар ки бгўидт ки ҷон чун буд андаруни тан ?

Як нафасӣ биё нишин дар бар мо ки ҳамчунин

Ҳар ки бгўидт ки гули ханда чигуна ме занад

Ғунчаи шаккарини худ бозгшо ки ҳамчунин

Вар ба ту гӯям , эй писар , кат ба канор чун кашам

Танг бабанд бар миёни банди қабо ки ҳамчунин

Ҳар ки парӣ талаб кунад , чеҳраи худ бадв намой

Ҳар ки зи зулф дам занад , зулфи гшо ки ҳамчунин

Лофи вафои занӣ , вале нест барои ном ро

Дар ту нишоне аз вафо , ҳам ба вафо ки ҳамчунин

Ҳар ки нахонд ҳеҷ гуҳи номаи ишқ чун буд

Қиссаи ҳоли хусраваши бози намо ки ҳамчунин