Ба хӯбии ҳамчуи ма тобанда бошӣ

Ба малики дилбарӣ поянда бошӣ

Ман дарвешро киштӣ ба ғамза

Карам кардӣ , илоҳӣ зинда бошӣ

Ҷафо кам кун ки фардои рӯзи маҳшар

з рӯй ошиқон шарманда бошӣ

зи ғамҳои ҷаҳон озод бошам

Агар ту ҳамнишин банда бошӣ

Ҷаҳони сӯзӣ , агар дар ғамзаи ое

Шикаррезӣ , агар дар ханда бошӣ

Ба риндӣ ва ба шухӣ ва ба сад ноз

Ҳазорон хон ва мон барканда бошӣ