Мтрбои сӯии чамани вақти гули оҳанги ту кӯ
Савти ту , нағмаи ту , барбати ту , чанги ту кӯ
Пеши он лаъл чаҳ нозӣ ба сафо эй ёқӯт
Оби ту , тоби ту , Рахшонеи ту , ранги ту кӯ
эй фалакгар ба парии чеҳраи ман дории бахт
Макри ту , саҳари ту , афсуни ту , найранги ту кӯ
Чанд гӯйӣ ки манам хусрави иқлӣми сухан
Малики ту , кишвари ту , тоҷи ту , авранги ту кӯ