Қадре биханд ва аз рух қамарӣ намой мо ро
Суханӣ бигӯӣ ва аз лаб шукрӣ намой мо ро
Суханӣ чу гавҳартар садафи лаб ту дорад
Сухани садаф раҳо кун , гуҳарӣ намой мо ро
Ба назар надидаам ман асари даҳони тангат
Агарат буд даҳоне асарӣ намой мо ро
Манам андари ин таманно ки бубинам аз ту бӯе
Чу сабо хромшӣ кун , камарӣ намой мо ро
зи хаёли турраи ту чу шабаст рӯзи умрам
Ба киришмаи хандае зан , саҳарӣ намой мо ро
Ба забон хеш гуфтӣ ки гузар кунам ба Кувайт
Магзар з гуфта худ гузарӣ намой мо ро
Чу миннати ҳазор ошиқ буд , эй санам , валикин
Ба ҳамаи ҷаҳон чу хусрав дгарӣ намой мо ро