Ман аз ҷавру ҷафои дилбарон девона хоҳам шуд

зи хешу ошно аз дасти дил бегона хоҳам шуд

зи баси коФсонаҳи худ бо дар ва девор ме гӯям

Ба расвои миёни мардумон афсона хоҳам шуд

Чу дидам холу хати он парии рӯро ба дил гуфтам

Гирифтор ар шавам дар дом ӯ , зин дона хоҳам шуд

Маломати гӯ , ба расвоӣ матарсон ҳӯшёрон ро

Ки ман бепоу сар дар кӯй ӯ мастона хоҳам шуд

Ба дил гуфтам чаро биўФо , гуфто бирав , хусрав

Гузар аз ман ки ман дар хизмат ҷонона хоҳам шуд