Марви зинсон ки ҳар сӯи ҷомаи ҷон чок хоҳад шуд

Ҷаҳонӣ дар сари ин ғамза бибок хоҳад шуд

Худоро , зу напурсӣу марои сӯзии биҷой ӯ

Ки куштаи олимӣ зон наргис бибок хоҳад шуд

Равед , эй дӯстон , ҳар ҷо ки май бояд , ману кӯяш

Ки ин тани хок ин ҷойасту ӣнҷо хок хоҳад шуд

Ту мезан ғамза то ман мехӯрам хуши хуши синони ту

Чаҳ ғам дорад туро ,гар синаи ман чок хоҳад шуд

Зиҳии шодӣ ки ӯ ояд , бибинад ҳоли ман , лекин

Ман ин шодӣ намехоҳам ки ӯ ғамнок хоҳад шуд

Бисӯзам хештан аз ҷаври бахти бад , вале тарсам

Ки оташи сӯхта аз нанги ин хошок хоҳад шуд

Мубини зини сӯ ки ҷонам аз хаёли муҳраи чашмат

Чу гунҷишк гуруҳа карда дар тобок хоҳад шуд

Хаёли хати ту ҳамроҳ ҷонам бошад он рӯзӣ

Ки номи ман , зи лавҳи зиндагонӣ пок хоҳад шуд

Азон лаби талх май гӯйӣ , матарс аз хандаи хусрав

Ки ҳар заҳрӣ ки меояд бар он , тирёк хоҳад шуд