Шаҳсавороне ки фатҳи қалъа дайн карда анд

Илтимоси ҳиммат аз дилҳои мискин карда анд

Покбозони сари кӯии хароботи фано

Дар мақоми сарфарозии хишт болин карда анд

Сангсори лаънати ҷовиди мари Иблис ро

Аз барои кӯрии чашмон худбин карда анд

Оҳӯии чинро ҷигар дар нофа савдо бсухт

То ҳадиси сунбули зулфи ту дар чин карда анд

Ҷилваи Фарҳоди байн каз ғайрати он хусравон

Номи худ нақши нигини лаъл ширин карда анд

Ҳалқаи зулф ту дорад ҳар шабӣ дар гӯши дил

Гар чаҳ ӯро ҳалқае аз моҳ ва парвин карда анд

Зоҳидӣ тасбеҳ мехонанду хусрави номи дӯст

Зикр ҳар кас ончунон бошад ки талқин карда анд