Гул ба тамошоӣ чаман ме равад
Бод ба гулгашт саман ме равад
Оина гашта сети зи акси саман
Об ки дар зер саман ме равад
Дӯш шунидам ки ба ҳар маҷлисӣ
Аз даҳани ғунча сухан ме равад
Вақт баҳор омаду айёми гул
Оҳ ки ёр аз бар ман ме равад
Роҳат рӯҳаст Рахш , чун кунам
Рӯҳи дилу роҳат тан ме равад
Аҳди шикастаи сет ва ба ҳангоми сабр
Он санами аҳд шикан ме равад
Хусрави длсўхтаҳро дар ғамаш
Умр дар андӯҳ ва ҳузн ме равад