На бахти онкӣ ба мӯии ту роҳ хоҳам кард

зи хоб ё ба хаёлат нигоҳ хоҳам кард

Чунин ки ҷон ба лаб омад марои зи дарди фироқ

Шикеби саҳл буд , чандгоҳ хоҳам кард

Чу ҳеҷ қиссаи шабҳои мот бовар нест

Кунун ситорау маро гувоҳ хоҳам кард

намеравад зи ман он офати назари тарсам

Ки умр дар сари ин як нигоҳ хоҳам кард

Бапуш чашми ману оби дидагони имрӯз

Ки ман назораи он каҷ кулоҳ хоҳам кард

Гузар чаҳ мекунӣ охир ба сӯем , эй соқӣ

Макун ки тавбаи умрам табоҳ хоҳам кард

зи баҳр онкӣ набинам баробарати соя

зи дӯди синаи ҷаҳонӣ сиёҳ хоҳам кард

Чаро муқобил рӯй ту мешавад охир ?

Мубин дар оина , ҷоно , ки оҳ хоҳам кард

Ҷафо ки меравад имшаби зи ҳиҷр бар хусрав

Ҳикоят ар бизанам , субҳгоҳ хоҳам кард