Кадоми шаб ки туро дар канор хоҳам кард ?
Баннои хонаи умр устувор хоҳам кард
Кадоми рӯзи ман биқрор бе сомон
Ба зери пои ту охир қарор хоҳам кард
Ба оби дида , нигоро , кафат нахоҳам шаст
Ба хӯни дили кафи поят нигор хоҳам кард
Кунун намонад сари интизор ва май тарсам
Ки дида дар сари ин интизор хоҳам кард
Дилам ки таҳта шуд аз дасти ғам чу ойӣна
Нигоҳи дор ки ногуҳ фигор хоҳам кард
Марои ду дида яке шуд миёни хӯн , то кӣ
Ду чашм бо чу ту шухӣ чаҳор хоҳам кард
Маро магӯӣ ки дар кор ишқ кун ҷон ро
Агар ман ин накунам , худ чаҳ кор хоҳам кард ?
Ҳадиси ишқи ту бисёр доштами пинҳон
зи ҳади гузашт , кунун ошкор хоҳам кард