Бо ту дар сина ҷон наме гунҷад

Ту дарунӣ аз он наме гунҷад

Нотавонами зи ишқ ва ҳеҷ алоҷ

Дар дил нотавон наме гунҷад

Танг дорад дили маро ки дар ӯ

Ҷузи ту кас , эй ҷавон , наме гунҷад

Ончунонӣ нишаста андари дил

Ки нафаси ҳам дар он наме гунҷад

наменаганҷӣ ту дар миёнаи ҷон

Лек ҷон дар миён наме гунҷад

Ғами ту ошкор хоҳам кард

Чаҳ кунам , дар ниҳон наме гунҷад

Ишқ дар сар фитод ва ақл бирафт

Кин ду дар як макон наме гунҷад

То ки хусрави забони кушод аз ту

Суханаш дар ҷаҳон наме гунҷад