эй дода ба дили хазинаи роз
Ақл аз ту шудаи хазинаи пардоз
эй дидаи гушои дурбинон
Сармояи даҳ тиҳӣ нишинон
эй ту ба ҳамин сифати сазовор
Номи ту гиреҳи гушой ҳар кор
эй ҷилвагар баҳори хандон
Бино кун чашми ҳӯшмандон
эй ҷон ба ҷасади Фгндаҳ эй ту
Ҳаркас ки ба ҷузи ту , бандаи ту
Андешаи баҳри баландӣу паст
Бигузашт ва назд ба доманати даст
Пас дар раҳи ту зи тезҳӯшӣ
Беҳуда буд сухани фурӯшӣ
Он ба ки занем сар , хирад ро
Иқрор кунем аҷзи худ ро
Бо ту на сухан рафеъ созем
Нодонии худ шафиъ созем
Донандаи туе баҳр чаҳ розаст
Созандаи туе баҳр чаҳ созаст
Корӣ ки хиради салоҳи он ҷуст
Мавқуф ба корсозӣ тест
Қуфли ҳамаро калид бар ту
Пинҳони ҳамаи падед бар ту
Лутфи ту аниси мустамандон
Қаҳри ту ҳалоки зўрмндон
Гар лутф кунӣ ва гар кунӣ қаҳр
Дар ҳар ду буд зи марҳамати баҳр
Ҳамвора дар ту ҷои ман бод
Тавфиқи ту раҳнамои ман бод