Боду гесуии сиёҳи анбарӣ

Омадӣ дар сӯрати пайғамбарӣ

Шарҳи асмоءу сифоти хеш ро

Хондае бар ҷумла аз ҷони оФрӣ

Бар ҳамаи асрори ғайби алғиб ро

Карда равшан чу моҳу муштарӣ

Қиблаи мавҷӯд ва воҷиб омадӣ

намекунӣ ҷонро ба ҷонони раҳбарӣ

Анбиёу авлиё дар роҳи дайн

Ҳалқа дар гӯш тавонад аз чокарӣ

Гар набӯдӣ ту набӯдӣ аршу фарш

На малик будӣ на одам на парӣ

Кўҳёи наът набӣ гуфтӣ ба назм

Хатм шуд бар ту камоли шоирӣ