Ҷиҳати мари ҷисмро бошад на ҷон ро

Макун маҳбӯси дарёии равон ро

Мураккаб кӣ буд зоти басита

Назар бигушо бибин айни аён ро

Ба ҷуз ҳастӣ воҷиби мумтанеъи дон

Чу мумкин гуфтае ҳардуи ҷаҳон ро

Ба ҳасан худ шавад ошиқ ба ҳар рӯй

Ба чашм ӯ шиноси он дили ситон ро

Ба ғайр аз оби софӣ ҳеҷ нашнос

Гули сурху сифеду арғавон ро

Дар ин бустон чу сар аз ёд ҳў рафт

Ано алҳақ дони нафири булбулон ро

Чу кӯҳӣ шуд фано аз худ ба куллӣ

Нишон гум кард ва дид он дили ситон ро