Воҷибу мумкини баҳам пайваста анд
Хору гул аз шохи воҳид руста анд
Нест бе воҷиби вуҷӯди мумкинот
Воҷиби алзоти ин чунин пайваста анд
Ваҳму пиндору хаёлу эътибор
Ҷумларо аз лавҳи ботин шаста анд
Нест мавҷӯдии биҷуз воҷиб бидон
Аҳли олам аз тааюн ҷуста анд
Гар бидонанд осмонҳоу замин
Аз дарахти ишқи як гулдаста анд
Рӯҳи кӯҳии гашти берун то бидид
Ҷумлаи ёронаши қафас бишкаста анд