Ҳар киро зулф чу занҷири ту девона кунад
Аз дилу ақлу ҷаҳонаши ҳама бегона кунад
Аз хами зулфи сиёҳи ту бирезади ҷонҳо
Гар сабои зулфи самани сои туро шона кунад
Чашми сайёди ту то мурғи диламро гирад
Дом аз зулфи ҳам аз хол дар ӯ дона кунад
Бҳўои лаби лаъли ту ки ҷон ме бахшад
Дилам аз хӯни ҷигари соғар впимонаҳ кунад
То дили халқи ҷаҳонро бабради зи дида
Чашму абрӯу лабати ишва мастона кунад
Офтоби рухи моҳат ки нагунҷад бадви кун
Дар миёни дил ҳар зарраи мо хона кунад
Дили зи кӯҳии бабради боз ва ба оташ фиканд
Ёр бо чашми сияҳи даъвӣ шукрона кунад