Дилӣ ки оина рӯй шоҳид зот аст
Буруни зи олами нафйу ҷаҳон исбот аст
Мҷу ки дар варақ коинот натавон ёфт
Аломату асари ончӣ беъломот аст
Касе наҷуст ва наҷуед зи лавҳ ҳар ду ҷаҳон
Нишону ном касе ки маҳв болаззот аст
Касе ки дар ду ҷаҳонаш на зот ва на ваҳм аст
Вуҷӯд ёфтанаш навъе аз маҳолот аст
Маро ки одати расм ва русум нест падед
Чаҳ донад он ки варои расму роҳ ва одот аст
Мақом онкӣ набошад муқӣми ҳеҷ мақом
Варои манзалату зинат ва мақомот аст
Тариқ онкӣ надорад ба ҳеҷ рое рӯй
На сӯии кӯии хароботу не муноҷот аст
Раҳ касе ки ба сар пой кардааст мудом
На роҳи майкадау каъба ва харобот аст
Куҷо ба ваҷд ва ба ҳолоти сар фурӯд оварад
Касе ки ҳолат ӯ нақди ҷумла ҳолот аст
Касе ки ҳеҷ надорад зи нору нури хабар
Варо на бим ва на умеди нор ва ҷинот аст
Вуҷӯди мағрибии андари фазоӣ ҳиммат ӯст
Чу пеши партави анвори меҳр заррот аст