Дареғи аҳди гулу ошиқӣу рӯзи ҷавонӣ
Ки шуд ба бозӣу ғофили зи тунд бод хазоне
На дил қарор бигирад , на ёри аҳди пазирад
Фиғони зи дасти дил беқарору ёри забонӣ
Ба ҳоли ман ту бибахшо ки ҳам ту доруии дардӣ
Ба ҷузи ту бо ки бигӯям ҳадиси дард наоне
Чаҳ ҳоҷатаст ба арз , ниёзи ман ба ҳузурат
Ки дарди хастаи дилон дар даруни синаи ту доне
Ба ҳар чаҳ амр ту бошад кароматаст ва равост
Гарм ба лутф бихонӣ , варам ба қаҳр бароне
Чу бод магзар аз ин хоку об дида бибин
Чаҳ бошад ар биншинӣ ва оташам бинишонӣ
Агар чу булбулу қамарӣ ба гиря зор бинолам
Равост каз руху қомати гулӣу сарви равонӣ
Чу лола лол шавамгар ба рангу буии латофат
Бигӯямат ки чунонӣ на биллоҳи беҳтар аз онӣ
Хилофати аҳди муҳаббат буд касе ки бигӯед
Ту нури дида ки Монӣ ба нақшу сӯрати Монӣ
Манам ки ҷуз ту надорам паноҳу ғўсу мғисӣ
Туе ки аз дар раҳмат гуноҳкор наронӣ
Шукри бабор ба домон ва гул бирез ба маҷлис
Сухан бигӯӣ « вафое » барои аҳли маъонӣ