Мҳтро аз бузургӣ он кардӣ
Ки дар офоқ достон кардӣ
Шаби ман бар фурухтӣ чун рӯз
Рӯз бар ман чу бӯстон кардӣ
Ртбти қадари ман ба давлати хеш
Бартар аз чарх Фрқдон кардӣ
Ҳар зиёнам ки буд кардӣ суд
Суди бадхоҳи ман зиён кардӣ
Хидматӣ нест мари маро бар ту
Ончӣ аз ту сазад ту он кардӣ
Калак бар доштӣ ва бар дафтар
Мушкили кори ман баён кардӣ
Ба равони амри худ ба як соъат
Ҳар ду ӯро зи ман равон кардӣ
Зикри мстқблми нбштӣ ва низ
Зикри мозии ман нишон кардӣ
Хуби саъйу накӯи бизоъати хеш
Ҳама дар боби ман аён кардӣ
Бар ман эй сар ба сари ҳамаи эҳсон
Бори эҳсони худ гарон кардӣ
Доим аз умри шодмони бодӣ
Ки марои зуд шодмон кардӣ
Ҷовдони боди давлати ту ки ту
Номи некӯат ҷовдон кардӣ