Ман мояи адлу мояи ҷўдм

Султони малики Арсалони масъӯдам

Хуршед ҷаҳон фурӯз шуд раъйам

Борони замин нигор шуд ҷўдм

Маҳмӯди хисолу расму раҳи ронам

Зеро шарафи нажоди Маҳмӯдам

Бо қӯту қудрати сулаймонам

Зеро аз аслу насли Довӯдам

Хуршеди мулӯки ҳафт иқлӣмам

То сояи кирдигори маъбудам

Эзад донад ки ҷузи ризоӣ ӯ

Аз малик набӯд ва нест мақсӯдам