Чун рӯз ромёд наёрӣ з май ту ёд

Зеро ки хуштар ояд май рӯзи ромёд

Хосса ба ёди шоҳи малики Арсалон ки чарх

Ҳаргиз надоштаст чу ӯ ҳеҷ шоҳи ёд

Он осмони давлат ва он офтоби малик

Он подшоҳи одил ва он шаҳриёри род

Бисёр дид малик чу ӯ одилӣ надид

Бисёр дод чарх чу ӯ хусравии надод

Шодаст тахту тоҷи зи ҷоҳу ҷалол ӯ

То тоҷ ва тахт бошад ва бо тоҷу тахти бод