Кадоми бут шудаи раҳзани дил чу санги туро

Ки офтоби муҳаббат , шикастаи ранги туро

Шуд аз итоби ту афзӯн , умедвории ғайр

Збс ки маслиҳат омез дид ҷанги туро

Даромадӣ ва надорам чу боди густохӣ

Ки ҳамчу гул бигушоем қабои танги туро

зи нанги ғайр , дилами ҷони супурду номи набард

Збс мулоҳиза мекард ному нанги туро

Киришмаҳои ту аз бас ки ҳаст нозомез

На оштӣ ту донад касе , на ҷанги туро

Дилами зи захми ту осӯдааст ва май нолам

Ки ғайри паии набарди лиззати хаданги туро

зи бас ки майлии умедвор , сода дил аст

Хаёли меҳр ва вафо карда риюи врнги туро