Рафтам каз илтифоти ту комӣ надоштам

Дар номаи висоли ту номӣ надоштам

Сад бори бозгаштам азон кӯй ва ҳеҷ бор

Хурсандии ҷавоб саломӣ надоштам

Нокомӣам чаро зи ту навмед карда аст

Чун ман умедворӣ комӣ надоштам

Зоҳир накардаам ба ту ворастагӣ ҳануз

Чун бар худ эътимод тамомӣ надоштам

Навмидӣ аз тағофули қосид маро фузуд

Бо онкии интизор паёмӣ надоштам

Чун майлии рамидаи дил , аз сайдгоҳи васл

Ҳаргиз ба даст , оҳӯӣ ромӣ надоштам